бемалол

бемалол
[بيملال]
1. беташвиш, баҳузур, безобита нашуда; осуда, хотирҷамъона, бехалал: бемалол зиндагонӣ кардан, бемалол зистан дар ҷое, бемалол нишастан, бемалол рафтан ба хонае, бемалол хобидан, бемалол сӯҳбат карда нишастан
2. беминнат: нони бемалол, кори бемалол
3. озод, озодона; осон, ба осонӣ, осонакак, ба хубӣ, бемамониат: бемалол гап задан ба забоне, баромадан аз ӯҳдаи коре, бемалол истифода бурдан аз чизе; агар бемалол бошад… агар малол наояд; агар заҳмат ҳисоб накунед…

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "бемалол" в других словарях:

  • баҳузур — [بحضور] бемалол, озодона, фориғболона, бароҳат; оромона: баҳузур хобидан, баҳузур нишастан, баҳузур зиндагонӣ кардан, баҳузур хӯрок хӯрдан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бе — I [بي] 1. пешванди инкорӣ бидуни…; ғайр аз, ғайри…; бе ин (он) ҳам бидуни ин (он) ҳам; бе он ки… пайвандаки тобеъкунанда ба ҷои он ки…, ин корро накарда…; бе ҳеҷ ташвиш бидуни камтарин ташвиш, бемалол 2. пешв. бо исм омада, сифат месозад, ки ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бемамониат — [بي ممانعت] бемонеа, бемалол …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бетакаллуф — [بي تکلّف] ба одоби муоширати маълум побанд нашуда, бидуни иззатталабӣ, ба даъват ва «гиред, гиред» ҳо мунтазир нашуда; бемалол, беибо …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беташвиш — [بي تشويش] 1. ташвишнадиҳанда, безаҳмат; ором, осуда: кори беташвиш кори нисбатан ором, коре, ки давуғеҷи зиёд надорад 2. ташвиш накашида, бемалол, хотирҷамъона, оромона …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бехалал — [بي خلل] беозор, беташвиш; бароҳат, бемалол; ҷои бехалал маҷ. ҷои хилват, хилватгоҳ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • домодталабон — [دامادطلبان] маросиме, ки падару модари арӯс пас аз чанд рӯзи тӯйи арӯсӣ домодро ба хонаашон ба зиёфат даъват мекунанд ва баъд аз ин маросим домод ба ин хона бемалол рафтуомад карда метавонад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ёзида — [يازيده] сифати феълии замони гузашта аз ёзидан; ёзида нишастан бемалол (озод) нишастан, роҳат карда нишастан; ёзида хобидан дароз кашида хобидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • майл — [ميل] а 1. хамиш, андаке ба сӯе хам шудан, тамоюл 2. хоҳиш, рағбат, ҳавас; ба майли худ ба ихтиёри худ; аз пеши худ; бо майли тамом // бо камоли майл бо рағбати тамом, бо шавқу ҳаваси зиёд; бо майли хотир а) бо рағбати тамом, бо иштиёқ; б) бо… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • малол — [ملال] а. озурдагӣ, озор; андӯҳ, ғам; дилтангӣ, афсурдагии хотир; муқоб. бемалол; малоли хотир боиси озурдагии хотир; боиси дилтангию зиқӣ; малол омадан (расидан) боиси озурдагии хотир шудан (коре ё гапе); боиси ташвишу заҳмат шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»